Ҷурҷӣ Зайдон
ар. جرجي زيدان | |
Таърихи таваллуд: | 14 декабр 1861[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 21 июл 1914[4][5][3] (52 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир, рӯзноманигор, омӯзгор, румоннавис, journal editor, journal editor |
Забони осор: | арабӣ[1][7] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷурҷӣ Зайдон (ар. جرجي زيدان; 14 декабр 1861[1][2][3], Байрут[6] — 21 июл 1914[4][5][3], Қоҳира[4]) — нависанда, рӯзноманигор ва муаррихи масеҳии мисрӣ. Яке аз нахустин мутафаккиронест, ки ба назарияи миллигароии арабӣ мусоидат кардааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷурҷӣ Зайдон 14 декабри соли 1861 дар Байрут дар хонаводаи тоҷири хурди насронӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1881-882 дар коллеҷи пизишкии Байрут таҳсил кард. Солҳои 1880 ба Миср мухоҷират карда, моҳномаи «ал-Ҳилол»-ро таъсис дод ва аз пешоҳангони румони таърихӣ дар адабиёти нави арабӣ гардид.
Соли 1885 нахустин китоби вай бо унвони «ал-Алфозу-л-арабия ва л-фалсафату-л-ғувийя» дар Бейрут мунташир шуд ва ба ин муносибат ӯ узви Анҷумани салтанатии осиёӣ гардид. Дар ҳамон сол ба Лондон сафар кард ва бо осори шарқшиносон ошно шуд. Пас аз бозгашт ба Қоҳира зимистони ҳамон сол бо пешниҳоди дӯсташ Яъқуби Сарруф дар маҷаллаи «ал-Муқтат» ба кор пардохт.
Дар ҳамин давра ӯ бо ховаршиносони машҳур Т. Нёлдеке, Б. Голдсиер, И. Крачковский ва Н. Маргилус робита пайдо кард ва ба таълифи осори илмӣ-таърихии худ: «Таърихи Миср» (1889), «Таърихи Юнону Рум» (1899), «Таърихи тамаддуни исломӣ» (1906), «Таърихи араб қабл аз ислом» (1908), «Таърихи адабиёти араб» (1911) шурӯъ кард.
Соли 1908 ба Истанбул, соли 1912 ба кишварҳои Аврупо ва соли 1913 ба Фаластин сафар кард, ки ин мусофиратҳо ба ҷаҳонбинии ӯ таъсир расониданд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷурҷӣ Зайдон муаллифи 22 румони таърихӣ буда, дар адабиёти араб маҳз ба туфайли ҳамин осор шуҳрат ёфт. румонҳои «Пешвои Карбало» (1901; дар боби кушта шудани Имом Ҳасан ибни Алӣ), «Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф» (1902; дар боби сулолаи Банӣ Умайя), «Фатҳи Андалус» (1903), «Абумуслими Хуросонӣ» (1905), «Аббоса духтари Ҳорунуррашид» (1906), «Арӯси Фарғона» (1908) ва «Салоҳуддини Айюбӣ» (1913) ба қалами ӯ мутаалиқанд.
Мақсад аз таълифи ин румонҳо ошно кардани мардуми араб бо фарҳангу таърихашон буд. Дар миёни ин силсила 17 румони ӯ ба таърихи арабу ислом то асри Салоҳуддини Айюбӣ бахшида шудаанд. Чаҳор румон мутааллиқ ба таърихи ҷадиди Миср ва яке ба таҳаввулоти сулолаи туркони усмонӣ аст.
Зайдон дар нигориш таҳти таъсири румоннависони Аврупо, бавижа Волтер ва Александр Дюма буд. Ӯ агарчи натавонист ба сатҳи ҳунарии онҳо бирасад, аммо дар ин замина дар адабиёти араб муваффақ будааст. Дар ин румонҳо Зайдон мақсад гузоштааст, ки воқеаҳои гузаштаро дар раванди дигаргунии ҳаёти сиёсии олами араб ривоят кунад. Аз ин рӯ, ҷанбаи таълимӣ ва саргармии румонҳо нисбат ба ҷанбаи ҳунарии онҳо афзалтар аст.
Бисёре аз румонҳои Зайдон ба чандин забонҳои мардуми олам – ингилисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ, форсӣ, туркӣ, ҳиндӣ баргардон шудаанд. Ва аммо бузургтарин асаре, ки ӯро бештар машҳури дунё кард, китоби «Таърихи тамаддуни исломӣ»-и ӯст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷурҷӣ Зайдон 21 августи соли 1914 дар Қоҳира аз дунё гузаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 http://zaidanfoundation.org/ZF_Website_AboutJurjiZaidan.html
- ↑ 5.0 5.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 6.0 6.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118636103 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зайдон Ҷурҷӣ / Т. Мардон // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.