Jump to content

Сифат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сифат ҳиссаи нутқест, ки аломат ва чигунагии ашёро мефаҳмонад. Аломатҳои хоси он одатан дар дохили ибора равшан зоҳир мегардад. Сифат дорои хусусиятҳои зерин мебошад:

1) сифат аломат, хусусият, ва нисбати чизе ё шахсеро ба чизе ё шахсе мефаҳмонад: шаҳри 'зебо', роҳи ноҳамвор, корҳои саҳроӣ;
2) Дараҷаҳои сифат одӣ,оли ва қиёси мешавад: бинои калонтар, дарёи дарозтарин, суп-сурх;
3) Суффиксҳои махсуси калимасоз: -ӣ, -манд, -нок, -она, -гун, -ин, но-, ба-, бе-: ранги ҷигарӣ, марди хирадманд, чизи фоиданок, корҳои оқилона, рӯйи гандумгун, камзӯли чармин, бачаи боақл, ҷомаи базеб, гули бебӯй, ҷойҳои ношинос;
4) сифат дар ҷумла ба вазифаи муайянкунанда ва хабар меояд.

Аз ҷиҳати маъно ва аломатҳои сарфӣ (морфологӣ) сифат ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешавад: сифати аслӣ ва сифати нисбӣ.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳиссаи нутқ

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985, — 132саҳ.
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy