Jump to content

Баҳри марҷон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳри марҷон
?
Характеристики
Наибольшая глубина9 140 м
Средняя глубина2 394 м
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳри марҷон, Баҳри Корал (англ. Coral Sea) — баҳри нимкушод дар Уқёнуси Ором.

Байни соҳилҳои шим. шарқии Австралия, дар Шим. ҷаз-ҳои Гвинеяи Нав, Каледонияи Нав ва Саломон, дар Ш. ҷаз-ҳои Гебриди Нав ва дар Ҷ. рифи Элизабет. Ба воситаи гул. Торрес бо Баҳри Арафури Уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Масоҳ. 4068 км². Ҳаҷми миёнаи оби Б. М. 10038 ҳазор км3. Умқи миёнааш 2468 м, ҷойи амиқтаринаш 9174 м. Ҳарор. миёнаи сатҳи об дар Ҷ. авг. аз +19°С, февр. то 24°С, дар Шим. то +28°С. Шӯрии об то 35,5 дарсад. Мадди баҳр номураттаби нимшабонарӯзӣ буда, баландии об то ба 3,7 м мерасад. Бинобар афзунии ҷазираҳо ва рифҳои марҷонӣ чунин номгузорӣ шудааст. Ҷазираҳои сершумори марҷонӣ ва рифҳо (рифи Садди Калон, тӯлаш 2300 км) дар Б. М. киштигардиро душвор мекунанд. Наҳанг ва моҳиҳои паррон зиёданд.

Бандарҳои калонаш:

  • Кэрнс (Австралия),
  • Морсби (ҷаз. Гвинеяи Нав),
  • Нумеа (ҷаз. Каледонияи Нав)

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]


pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy