Jump to content

Бусниҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бусниҳо
Номи қавмии ҳозира бусниёӣ: bošnjaci,
Шумора
  • 4 000 000 тан
Сукунат
Забон Забони бoсанскӣ
Дин ислом ва суннӣ
Ҷузъе аз славянҳои ҷанубӣ[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бусниҳо, босниҳо — яке аз халқиятҳои славянҳои ҷанубӣ, ки дар давраи империяи Усмонӣ бар асари ба ислом рӯ овардани славянҳои Босния пайдо шуда, асосан дар Босния ва Ҳерсоговина умр ба сар мебаранд.

Аксари кулли диндорон мусулмонони суннимазҳаб ва теъдоде аз онҳо масеҳиёни православ мебошанд. Забонашон босниягист. Дар саршумори аҳолӣ дар Югославияи собиқ дар солҳои 1960-70 ба ҷойи истилоҳи «боснӣ» ибораи «славянҳои мусулмон» истифода шудааст. Тибқи омори соли 2005 теъдоди умумии босниҳо 2147 ҳазор ва тибқи саршумори соли 2011 шумораи умумии онҳо дар саросари ҷаҳон 2400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор дар буснӣ 2 218 638 нафар, дар Сербия 136 087 нафар, дар Черногория 53605 нафар, дар Туркия беш аз 30 ҳазор нафар, дар ИМА 30 ҳазор нафар, дар Хорватия 14 ҳазор нафар буснӣ умр ба сар мебаранд.

pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy