Гавҳарак
Зоҳир
Гавҳарак (лот. pupilla), мардумак, ангурак — сӯрохи инабияи чашм, ки ба воситаи он равшанӣ вориди чашм мешавад. Гавҳарак дар рӯшноӣ танг ва дар торикӣ васеъ мегардад. Андозаи гавҳарак дар мавриди дард ва истифодаи баъзе доруҳо (мас., адреналин, атропин ва ғайра) низ тағйир меёбад. Гавҳарак гирдашакл аст (қутраш 1-8 мм). Аз тағйири шаклу ҳаҷм ва қобилияти кори гавҳарак бемориҳои чашмро муайян мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гавҳарак // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.