Jump to content

Кайковус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кайковус
Нигора
Падар Кайқубод
Фарзандон Сиёвуш
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома
 Парвандаҳо дар Викианбор

Кайковус (форсӣ: کی‌کاووس‎), Ковус — фармонравои номдори каёнӣ, фарзанди Кайқубод. Вай яксаду шаст сол салтанат кард ва пас аз ӯ Кайхусрав ба подшоҳӣ расид..

Дар Авесто Кайковус ба шакли Кави Усан ё Кави Усадан (Kavi Usan, Kavi Usadhan), дар забони паҳлавӣ ба шакли Кай Ус, дар осори ҳиндии қадим — «Ведаҳо» ба шакли Усанас Кавийа дучор меояд. Мувофиқи ривоятҳои авестоӣ, ёдгориҳои паҳлавӣ ва «Шоҳнома» Кайковус шоҳи бузург ва муқтадир, паҳлавон ва лашкаркаш буд. Вай мисли Ҷамшеду Фаридун ҷовид буд, вале ба сабаби гуноҳҳое ин бартариро аз даст дод. Кайковус дар аксари манбаъҳо тундмизоҷу якрав, кинаҷӯ ва бадбину ҳавобаланд тасвир ёфтааст.

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. — Душанбе, 1963;
  • Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004;
  • Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». — Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy