Jump to content

Ноҳияи Рашт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Рашт
русӣ: Гармский район
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи НТҶ
Шомили 2 шаҳрак, 12 ҷамоати деҳот
Маркази маъмурӣ Ғарм
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 10 марти соли 1931
Масоҳат 5346,9 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 131 100[1] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа GA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.GA
Коди телефон +992 3131
Нишонаи почта 734060
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ08
Ноҳияи Рашт дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Рашт (форсӣ: ناحیۀ رشت‎) — яке аз калонтарин ноҳияи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ин ноҳия 10 марти соли 1931 бо номи ноҳияи Ғарм дар бахше аз вилояти Ғарм таъсис ёфта аст. Аз 27 октябри соли 1939 то 24 августи 1955 ин ноҳия бахши марказии вилояти Ғарм буд.

Бар асоси Қарори № 190 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001 ноҳияи Рашт номида шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ғарм аст, ки 185 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канораи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ноҳияи Рашт дар водии Рашт ҷойгир аст. Дар шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, дар шарқ — бо ноҳияи Лахш, дар ҷануб — бо ноҳияи Тоҷикобод, ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Сангвор, дар ғарб — бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.

Ин ноҳияи 5346,9 км² масоҳат дорад. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рашт ба ҷанубу ғарби он рӯди Сурхоб гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад.

Дар соли 1939 ноҳияҳои Шулмак (14383 нафар) ва Ғарм (27290 нафар) дар якҷоягӣ 41673 нафар аҳолӣ доштанд, ки аз онҳо 40306 нафарашон (ё 96,7%) тоҷикон ва 874 нафар (ё 2,1%) русҳо буданд.

Бино бар саршумори соли 2016 дар ноҳияи Рашт 116 600 нафар зиндагӣ мекунад[2]. Мардуми ноҳияи Рашт ҳама тоҷикон ва худро ғармӣ (яке аз субэтносҳои тоҷикон) мегӯянд ва порсигӯ ҳастанд ва пайрави дини ислом (суннӣ ва ҳанафӣ) ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

Сол 1992 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
64,0 106,5 108,9 111,2 113,7 116,6 119,5 122,3 125,4 127,4 129,1 131,1

Сарвари ноҳияи Рашт Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузории ноҳияи Рашт — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми ноҳияи Рашт ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Бахшҳои идорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рашт 2 шаҳрак (Ғарм ва Навобод) ва 12 ҷамоат дорад.

Ҷамоатҳои ноҳияи Рашт
Ҷамоат Аҳолӣ
Ғарм, шаҳрак 9014
Навобод, шаҳрак 5700
Асаалон 4911
Ҷафр 8042
Қалъаи Сурх 18267
Қалъанак 11637
Нусратулло Махсум 15449
Навдӣ 18899
Оби Меҳнат 2890
Раҳимзода 14280
Тагоба 6746
Ҳиҷборак 6765
Ҳоит 8686
Ясмон 6402

Шахсиятҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Арбобони сиёсӣ Нусратулло Махсум, Мунаввар Шогадоев, Мирзо Раҳматов, Сайдулло Хайруллоев, Ориф Бобоҷонов. Арбобони фарҳанг Боқӣ Раҳимзода, Зафар Нозимов, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов ва ғ.

pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy