Jump to content

Оиннома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Оиннома - 1) яке аз ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби муассисони он тасдиқ карда мешавад. Дар оинномаи шахси ҳуқуқӣ бояд номи шахси ҳуқуқӣ, маҳалли ҷойгиршавии он,тартиби идораи шахси ҳуқуқӣ, инчунин маълумоти дигари пешбинӣ намудаи қонун дар бораи намуди дахлдори шахси ҳуқуқӣ нишон дода шавад. Оиннома санади меъёрию ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро муқаррар намуда, тартиби фаъолият ва муносибати мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва аъзои худ муайян менамояд. Санади давлатии меъёрию ҳуқуқие, ки дар асоси он соҳаи муайяни фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти танзим қарор мегиранд, ҳамчунон оиннома ном дорад.[1]

2) маҷмӯи қоидаҳое, ки фаъолияти созмон, ҳизб, муассиса ва муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо созмону шаҳрвандони дигар танзим менамоянд.[2]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 368
  2. https://vazhaju.com/search/оиннома Оиннома
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy