Jump to content

Равишшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Равишшиносӣ (форсӣ: روش‌شناسی‎), методология (юн. μεθοδολογία) — василаи шинохти ҳар илм аст.

Методи схоластикӣ — дастоварди асосии илми асримиёнагӣ буда, асоси онро мантиқи Арасту ташкил медиҳад. Схоластҳо аввалан мавзӯеро коркард менамуданд, ки шунавандаашро ба баҳс кашад. Аз ин рӯ, методи мазкур хонандагонро барои дарки масъулиятнокии зеҳнӣ равона медошт. Заро баҳс имконият медод, ки хонанда оид ба методҳои гуногун маълумот гирад, фикри худро баррасӣ дорад. Бахусус, ҳангоми арзёбӣ намудани фикр низомнокӣ, дақиқӣ, муайяннамои мафҳуму усулҳо риоя мегардид.

Методи схоластикӣ аз ҷумла, барои ташаккули худшиносӣ, такмили меъёрҳои тафаккури мантиқӣ имконият ба вуҷуд овард. Тавассути он асосҳои мантиқи математикӣ гузошта шуд. Назарияи парадоксҳои мантиқӣ, нуқтаи назарҳо коркард гардиданд, ки онҳо барои ташаккули усули тафаккури аврупоӣ, коркарди аппарати категориявии илмӣ замина гузоштанд.

pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy