Jump to content

Сарновёр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сарновёр
Сардӯшии сарновёр (Нерӯи дарёӣ Русия)
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سرناویار
Кишвар  Русия
Дараҷаи болотар Меҳновёр
Дараҷаи пойинтар Новёр якум
Ҳамто

Сарновёр (форсӣ: سرناویار‎) — дараҷае размоварӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новёр якум ва пойинтар аз меҳновёр дорад ва баробар бо разморо дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Новёр якум

Сарновёр
Дараҷаи болотар:
Меҳновёр

«Сарновёр» (форсӣ: سرناویار‎) аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожааш ба сурати [исм (сар) + исм (новёр)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

сар + новёр (форсӣ: ناو‎ < порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam-киштӣ’)

Дар забони форсии имрӯз таквожи «ёр», сарфи назар аз ин ки пасванд шумурда шавад ё вожае мустақил, ба исми ҳирфа ё исми масдар мепайвандад ва исми ҳирфае месозад, ки дар як сохтори силсиламаротибӣ зери дасти як мақоми болотар анҷоми вазифа мекунад[2]. Пасванди «-ёр» дар вожаҳое чун «сарҳангёр», «додёр» (муовини додситон; додситонёр), «донишёр», «устодёр» ҳамин маъноро мерасонад[3].

Новёр ҳамчун дараҷаи размоварӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[4]:

Ҳамтои дараҷаи «сарновёр» дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ «старшинаи калон» (русӣ: главный старшина) буд, ки соли 1940 ҷорӣ шуда буд[5]. Ҳамтои ин дараҷа дар Нерӯи дарёии Артиши Эрон «новустувор» аст, ки соли 1935 ҷорӣ шуда буд[6].

  1. Рубинчик Ю.А. Персидско-русский словарь. - М.: Русский язык, 1970. — 1613 с.
  2. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 115 – 116
  3. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. – 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  4. Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. 14 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2013.
  5. РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ
  6. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 285; 606; 653. — 655 с. — 3 500 экз.
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy