Jump to content

Таҷҳизот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Таҷҳизот ё Техника (аз юн.-қад. τεχνικός, аз τέχνη — санъат, маҳорат, тавоноӣ) — маҷмӯи воситаҳои фаъолияти инсон, ки дар ҷараёни инкишофи истеҳсолот дар ҷомеа ҷамъ шудааст[1].

  • Фаҳмиши техникӣ, ин ҳама маҳсулотҳои техникиро дар бар мегирад, ки пеш вақтҳо дар табиат вуҷуд надоштанд ва онҳоро одамон барои иҷрои ҳар гуна кору фаъолият сохтаанд, ба мисли мошинҳо, механизмҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизотҳо, асбобҳо. Техникаҳо мешаванд; истеҳсолӣ ва ғайри истеҳсолӣ. Ба техникаҳои ғайри истеҳсолӣ дохил мешаванд техникаҳое, ки дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тиб, корҳои ҳарбӣ, кайҳоннавардӣ истифода мешаванд. Аз нуқтаи назари идораи ҷараёнҳо, техника дар соҳаҳои гуногун истифода мешавад мисли ҷараёнҳои технологӣ ва ҷараёнҳои саноатӣ, кишоварзӣ, ченкунӣ, назорат ва идоракунӣ, боркашони, амалҳои ҷанги, омӯзиш, варзиш, истироҳат, фароғат ва бисёр дигар ҷараёнҳо.
  • Техника дар натиҷаи фаъолияти муҳандисӣ коркард карда мешавад ва такмил меёбад. Конструксия ва тайёр кардану сохтани техника вобастаги дорад аз: сохти техники, талаботи фармоишгар ба хислати техники (истеҳсоли, қулай, каммасраф, бисёр хидмат карданаш), сифат, арзиш, технологияи тайёркуни, ин чунин аз имкониятҳои молӣ ва техникии истеҳсолкунанда.
  • Вазифаҳои техника иборат аст аз: сохтани арзишҳои масолеҳӣ ва фарҳангӣ, истеҳсолот, табдилдиҳи ва интиқол додани энергияҳои гуногун, ҷамъовари, коркард ва интиқоли ахборот, сохтан ва истифодабарии василаҳои гуногуни ҳаракат, дастгирии қобилияти мудофиави. Техника ба гуруҳҳои истифодабарии: техникаи саноатӣ, техникаи нақлиёт ва роҳ, техникаи маишӣ, техникаи ҳисобкунӣ, техникаи сохтмонӣ чудо мешавад. Техникаро боз ба гуруҳҳои иловагии истеҳсолӣ, масалан; дастгоҳҳо, асбобҳо, маснуоти ченкунӣ ва ғайри истеҳсолиӣ – техникаи маишӣ, нақлиёти сабук, техника барои фароғат.
  • Техникаи ҳарбӣ ба ҷараёни алоҳида дохил мешавад, ки ҳама дастгоҳу мошинҳо, барои дастгирии қобилияти мудофиавӣ ва гузаронидани амалҳои ҷангӣ дар хушкӣ, дар уқёнус, дар ҳаво ва кайҳон истифода мешаванд.
  • [1](пайванди дастнорас)
  1. Техника чист? Маънои вожаи техника(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 16 май 2018 санҷида шуд.
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy