Jump to content

Ҷанин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷанини якмоҳаи инсон ҳангоми ҳомилагии хориҷраҳмӣ.

Ҷанин ё эмбрион (юн.-қад. ἔμβρυον), — организме, ки дар давраи аввали инкишоф бошад. Ҷанин одатан аз тухми бордор инкишоф ёфта, аз захираи моддаҳои ғизоии организми модар ғизо мегирад. Ҷанини баъзе ҷонварони бемӯҳра, наҳанг, мӯҳрадорҳои дараҷаи олӣ ва одам бо ҷанинпарда, ки онро аз ҳар гуна офат эмин медорад, иҳота шудааст. Аксари организмҳо 3 баргаки ҷанин доранд: берунӣ (эктодерма), дарунӣ (энтодерма) ва мобайнӣ (мезодерма). Аз эктодерма дар рафти инкишофи ҷанин асаб, пӯст, мӯй, ғадудҳои пӯст, нохун ва ғайра, аз энтодерма пардаи луобии системаи ҳозима, аъзои нафас, ғадудҳои ҳозима ва аз мезодерма узвҳои ихроҷ, аъзои ҷинсӣ, рагҳои хунгард, мушакҳо, скелет ва ғайра ба вуҷуд меоянд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]


pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy