Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — ҷоизаи олии ҷумҳуриявист, ки барои комёбиҳои намоён дар соҳаҳои адабиёт, ҳунар ва меъморӣ эҳдо мешавад. Ҷоиза бо Қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон 2 январи соли 1963 таъсис ёфта, иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони ҷумҳурӣ беҳтарин асарҳоро пешниҳод месозанд ва баъди баррасии ҳамаҷониба Кумитаи мукофот дар назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон ғолибонро эълон менамояд. Асарҳои ба Мукофот (ҷоиза) пешниҳодшударо Кумитаи мукофоти (ҷоизаи) Рӯдакӣ назди Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон муҳокима карда қарор мебаровард. Қарори Кумитаи мукофот (ҷоиза) дар бораи додани Мукофот (ҷоиза) арафаи иди Инқилоби Октябр (7 ноябр) дар матбуот ба табъ мерасид. Шахсоне, ки сазовори ҷоиза гаштаанд, соҳиби дипломи махсус, нишони сарисинагии «Барандаи (Лауреати) мукофоти Рӯдакӣ» ва маблағи муайяни пулӣ (2500 сӯми шӯравӣ) мегардиданд[1].